01.11.2010
Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина
Қурби миёнаи долл. ИМА 29 октябр ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ мӯтадил боқӣ монда, 4,4650–4,4720 сомониро ташкил намуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад каме тағйир ёфта, мувофиқан ба 1,4300-1,4400 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,1100-6,1400 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 1 ноябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе андаке афзуда, дар ҳудуди 4,4670-4,4720 сомонӣ қарор ёфт. Маркази матбуоти БМТ ш. Душанбе