02.12.2010
Тағйирёбии қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина
Қурби долл. ИМА 30 ноябр ва 1 декабр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ андаке афзуда, 4,4700-4,4780 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад дар навбати худ каме паст шуда, мувофиқан ба 1,4110-1,4250 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 5,8000-5,8500 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 2 декабр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна дар худуди 4,4700-4,4800 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ