06.12.2010
Вазъи қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина
Қурби миёнаи долл. ИМА 3 декабр ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ мӯътадил боқӣ монда, 4,4700-4,4800 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, андаке афзуда мувофиқан ба 1,4220-1,4300 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 5,8900-5,9600 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 6 декабр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе тағйир наёфта, дар ҳудуди 4,4700-4,4800 сомонӣ қарор ёфт. Маркази матбуоти БМТ