13.12.2010
Қурби асъорҳои хориҷӣ дар рӯзҳои истироҳат дар бозори нақдина тағйир ёфт
Қурби миёнаи нақдинаи асъорҳои хориҷи 10 декабр ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме баланд шуда, мувофиқан ба 4,4800-4,4900 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, 1,4350-1,4500 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 5,8700-5,9500 сомониро барои 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 13 декабр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе дар ҳудуди 4,4850-4,4950 сомонӣ қарор ёфт. Маркази матбуоти БМТ