23.12.2010
Қурби доллари ИМА дар бозори нақд тағйир наёфт
Қурби доллари нақдии ИМА 21-22 декабр дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 4,4800-4,5000 сомониро ташкил дода буд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ бошад, андаке афзуда, мувофиқан ба 1,4500-1,4600 сомонӣ барои 10 рубли русӣ баробар шуд. Аммо қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро каме паст шуда, 5,8800-5,9100 сомониро ташкил дод. Имрӯз, 23 декабр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе тағйир наёфт ва дар ҳудуди 4,4800-4,5000 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ