Вазъи қурби асъорҳои нақди хориҷӣ дар бозори дохилӣ

Бойгонии ахбор
30.12.2010

Вазъи қурби асъорҳои нақди хориҷӣ дар бозори дохилӣ

28-29 декабри соли ҷорӣ қурби долл. нақди ИМА дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 4,4800-4,4950 сомониро ташкил дод.  Дар баробари ин, қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ андаке афзуда, мувофиқан 10 рубли русӣ ба 1,4600-1,4700 сомонӣ баробар шуд.  Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро бошад, каме паст шуда, 5,8800-5,9000 сомониро ташкил дод.  Имрӯз, 30 декабр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе чун рӯзҳои гузашта дар ҳудуди 4,4800-4,4950 сомонӣ боқӣ монд.  Хадамоти матбуоти БМТ

Возврат к списку