06.01.2011
Қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақд тағйир ёфтанд
Қурбҳои миёнаи асъорҳои нақди хориҷӣ 5 январ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме баланд шуда, 1 долл. ИМА ба 4,4850-4,5000 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4500-1,4630 сомонӣ ва 1 евро ба 5,8800-5,9200 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 6 январ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе дар худуди 4,4900-4,5050 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ