20.01.2011
Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2010
Дар соли 2010 баъди андешидани тадбирҳои иловагии баъдибӯҳронӣ иқтисодиёт ва низоми бонкии мамлакат ба тамоюли рушди давраи пеш аз бӯҳронӣ рӯй ниҳода, инкишофи мӯътадили он мушоҳида гардид. Дар ин раванд нишондиҳандаҳои муҳими он ба таври зайл ҷамъбаст гардиданд. 1. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД). Cоли 2010 ММД 6,5 фоиз афзуда, ба 24,7 млрд. сомонӣ баробар шуд. Таваррум. Тибқи маълумоти Агентии омор дар соли ҳисоботӣ меъёри таваррум 9,8 фоизро ташкил дод. Қурби пули миллӣ соли гузашта нисбатан мӯътадил боқӣ монд. Тавозуни савдо. Гардиши савдои хориҷӣ дар ин давра 3853,1 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод ва нисбат ба соли 2009 7,6 фоиз зиёд шуд, аз ҷумла: содирот 18,3 фоиз афзуд ва ба 1195,3 млн. долл. ШМА расид, воридот бошад, 3,4 фоиз афзоиш ёфта, ба 2657,8 млн. долл. ШМА баробар шуд. Касри тавозуни савдо нисбат ба соли 2009 6,2 фоиз кам гардида,1462,5 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод. Вазъи макроиқтисодии кишвар дар давраи ҳисоботӣ ба хавфҳо ва тағйиротҳо дар бозори ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, мӯътадилӣ ва тақвияти бештари нишондиҳандаҳоро инъикос намуд. 2. Сиёсати пулӣ Дар соли 2010 меъёри бозтамвил вобаста ба эътидол омадани нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии кишвар ва боло рафтани сатҳи таваррум 0,25 банди фоизӣ зиёд карда шуд. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, барои пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мувофиқан 7,0 ва 9,0 фоизро ташкил дода, бетағйир нигоҳ дошта шуд. Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2010, 2987,9 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 16,8 фоиз (430,0 млн. сомонӣ) зиёд шуд. Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда 2,4 млрд. сомониро ташкил намуд, ки аз он 20,8 млн. сомониаш тангаҳои филизӣ мебошанд. Дар соли ҳисоботӣ ба муомилот 832,4 млн. сомонӣ пулҳои коршоям бароварда шуда, 331,2 млн. сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд. 3. Рушди низоми бонкӣ Теъдоди ташкилотҳои қарзӣ дар соли гузашта ба 138 адад баробар шуд, аз ҷумла: 14 бонк, 3 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 35 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 42 ташкилоти қарзии хурд, 44 фонди қарзии хурд. Пасандозҳо (маълумоти фаврӣ). Ба ҳолати 31 декабри соли 2010 афзоиши пасандозҳо нисбат ба соли гузашта 31,0 фоизро ташкил дода, ба 3,46 млрд. сомонӣ баробар шуданд. Пасандозҳои шахсони воқеӣ 34,4 фоиз зиёд гардида, 1,5 млрд. сомониро ташкил доданд. Фоизҳои миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 16,22 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 14,98 фоизро ташкил намуданд. Нисбат ба соли гузашта фоизҳои миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 0,7 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,5 банди фоизӣ кам гардиданд. Қарзҳо (маълумоти фаврӣ). Бақияи қарзӣ дар соли ҳисоботӣ 18,7 фоиз зиёд гардида, ба 6,5 млрд. сомонӣ баробар шуд. Дар таркиби он 70,1 фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 29,9 фоизи боқимондаро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар ин давра 5,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 25,6 фоиз зиёд мебошад. Тибқи маълумоти фаврӣ мӯҳлати миёнаи қарзҳо дар соли ҳисоботӣ барои шахсони воқеӣ 367 рӯз ва барои шахсони ҳуқуқӣ 319 рӯзро ташкил дода буд. Фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ аз 24,2 то 22,4 фоиз ва бо асъори хориҷӣ аз 24,3 то 22,1 фоиз коҳиш ёфтанд. Дар соли 2010 ҳаҷми қарзҳои хурд 10,6 фоиз афзуда, 1799,5 млн. сомониро ташкил доданд. Низоми пардохт. Маблағи умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ дар ин давра 147,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 87,6 фоиз зиёд аст. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 8 адад бонкҳо – эмитентҳои кортҳои пардохтӣ фаъолият мекунанд ва аз ҷониби онҳо 155 585 адад кортҳои пардохтӣ ба муомилот бароварда шудаанд, ки афзоиши онҳо 154,2 фоизро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ зиёд шудани шумораи банкоматҳо то 220 адад, нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд то 231 адад ва терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ то 94 адад мушоҳида шуд, ки назар ба соли гузашта афзоиши онҳо назаррас мебошад. Хадамоти матбуоти БМТ