27.01.2011
Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақд
Қурби доллари нақди ИМА 25-26 январ дар маҷмӯъ каме поин рафта, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 4,4750-4,4920 сомониро ташкил дод. Дар навбати худ, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро, боз каме афзуда, 10 рубли русӣ ба 1,4900-1,5000 сомонӣ ва 1 евро ба 6,0500-6,1000 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 27 январ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе 4,4850-4,5050 сомониро ташкил дод. Хадамоти матбуоти БМТ