07.02.2011
Тағйирёбии қурби асъорҳои нақди хориҷӣ дарбозори дохилӣ
Қурби доллари нақди ИМА 4 феврал ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4630-4,4780 сомониро ташкил дод. Дар баробари ин, қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ боз ҳам каме афзуда, 10 рубли русӣ ба 1,5100-1,5200 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро бошад, дар маҷмӯъ каме паст шуда, 6,0800-6,1000 сомониро барои 1 евро ташкил дод. Имрӯз, 7 феврал қурби миёна долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе тағйир наёфт ва дар ҳудуди 4,4770-4,4940 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ