21.10.2010
Тағйирёбии қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақд
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ 19-20 октябри соли равон қурби миёнаи долл. ИМА бетағйир боқӣ монда, 4,4680-4,4740 сомониро ташкил дода буд. Дар баробари ин, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад андаке паст фаромада, 1,4320-1,4420 сомонӣ ба 10 рубли русӣ ва 6,1000-6,15000 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, яъне 21 октябр, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе қурби долл. ИМА дар ҳудуди 4,4700-4,4750 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ