18.10.2010
Қурби асъорҳои нақди хориҷӣ дар бозори дохилӣ
15 октябр ва рӯзҳои истироҳат қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4680-4,4740 сомониро ташкил намуд. Аз рӯи натиҷаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, қурбҳои миёнаи асъорҳои номбурда андаке паст фаромада, 1,4500-1,4600 сомонӣ ба 10 рубли русӣ ва 6,1000-6,1500 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 18 октябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, дар ҳудуди 4,4700-4,4750 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ