Қурби доллари нақди ИМА дар бозори дохилӣ каме поён рафт

Бойгонии ахбор
04.10.2010

Қурби доллари нақди ИМА дар бозори дохилӣ каме поён рафт

Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақди ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳат бетағйир боқӣ монда, 4,4600-4,4650 сомониро ташкил дод.  Аммо имрӯз, яъне 4 октябр, дар бозори нақди ш.Душанбе қурби миёнаи долл. ИМА каме поён рафта, ба 4,4550-4,4640 сомонӣ баробар шуд. Дар баробари ин, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби 10 рубли русӣ ва 1 евро андаке афзуда, мувофиқан 1,4500-1,4600 ва 6,0000-6,0500 сомониро ташкил намуданд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку