30.09.2010
Тағйирёбии қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ
Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақд 28-29 сентябр бетағйир боқӣ монда, 4,4600-4,4650 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро бошад, андаке афзуда, мувофиқан ба 1,4450-1,4500 ва 5,9000-5,9500 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 30 сентябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, дар ҳудуди 4,4600-4,4650 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ