24.09.2010
Ҷаласаи ХХIV Клуби роҳбарони Бонкҳои марказии мамолики Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри сиёҳ ва Балкан дар Душанбе
24 сентябри соли равон дар ш.Душанбе ҷаласаи ХХIV Клуби роҳбарони Бонкҳои марказии мамолики Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри сиёҳ ва Балкан баргузор гардид. Дар кори он роҳбарони 17 бонкҳои марказии давлатҳои минтақаҳои номбурда, аз қабили Албания, Босния ва Ҳерсоговиния, Булғория, Қазоқистон, Қирғизистон, Македония, Молдова, Лаҳистон, Руминия, Русия, Сербия, Туркия ва ғайра, ки ба ин Клуб шомил мебошанд, намояндагони Бонки миллии Швейтсария ва Хазинаи байналхалқии асъор ширкат варзиданд. Тибқи барнома дар рӯзи нахустини баргузории ҳамоиш дар назди иштирокчиёни ҷаласаи ХХIV Клуби роҳбарони Бонкҳои марказӣ, дар назди ҳозирин муовини Сардори мудирияти Шарқи наздик ва Осиёи марказии Хазинаи байналхалқии асъор Дэвид Оуэн ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо маърӯзаҳо таҳти унвонҳои “Рушди иқтисодию молиявии глобалӣ ва минтақавӣ”, “Тақвияти назорати бонкӣ дар марҳилаи баъдибӯҳронӣ” суханронӣ карданд. Сипас, иштирокдорони ҷаласа маърӯзаҳои пешниҳодгаштаро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи ҷанбаҳои гуногуни онҳо андешаҳои хешро иброз доштанд. Илова бар ин, як зумра роҳбарони Бонкҳои марказӣ аз мамлакатҳои мухталифи дунё оид ба фаъолияти бонкҳои марказии худ, вазъи иқтисодии мамлакатҳои аъзои Клуб ва тағйироте, ки баъди баргузории ҷаласаҳои ташкилоти номбурда дар шаҳрҳои Остона ва Душанбе ба вуқӯъ омадаанд, бо гузоришҳои арзишманд баромад карданд. Ҳамчунин, дар ҷараёни ҷаласа байни аксари аъзои Клуб ва меҳмонони он табодули афкор оид ба амалӣ сохтани сиёсати пулию қарзӣ, татбиқи назорати бонкӣ ва дастгирии мӯътадилии низомҳои бонкӣ ба миён омад, ки барои дар оянда боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни аъзои Клуби роҳбарони Бонкҳои марказии мамолики Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри сиёҳ ва Балкан мусоидат хоҳад кард. P.S. Клуби роҳбарони Бонкҳои марказӣ соли 1998 таъсис дода шудааст. Қарор дар бораи ташкили Клуб баъди вохӯрии роҳбарони бонкҳои марказии мамолики минтақа дар моҳи октябри соли 1997 дар шаҳри Истамбул қабул гардида буд. Дар айни замон 20 Бонки марказии мамолики мухталифи дунё аъзои Клуби номбурда ба шумор мераванд. Мақсади асосии Клуби номбурда ба бонкҳои марказии мамолики аъзо додани имконияти табодули мунтазами афкор дар масъалаҳои гузаронидани сиёсати пулию қарзӣ, амалӣ намудани назорати бонкӣ ва дастгирӣ кардани мӯътадилии низомҳои бонкӣ ба шумор меравад. Ба вазифаи Клуб инчунин захира ва додугирифти маълумот байни аъзои он оид ба масъалаҳои зикршуда дохил мешавад. Мақомоти Клуб имконият дорад гурӯҳҳои кориро барои анҷом додани таҳқиқот оид ба ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти бонкҳои марказӣ ва таҳлили вазъи макроиқтисодии минтақа бо мақсади таъмини мӯътадилии иқтисодӣ ва молиявии он ташкил намояд. Маркази матбуоти БМТ