23.09.2010
Пастшавии қурби доллари ИМА дар бозори нақд
Қурби миёнаи долл. ИМА 21-22 сентябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъор андаке паст фаромада, ба 4,4650-4,4750 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме баланд шуда, мувофиқан 1,4280-1,4390 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 5,7800-5,8300 сомонӣ барои 1 евро ташкил намуданд. Имрӯз, 23 сентябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе тамоюли пастшавиро давом дода, ба 4,4640-4,4740 сомонӣ баробар шуд. Маркази матбуоти БМТ