02.09.2010
Тағйирёбии қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ
Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақди ҷумҳурӣ 31 август ва 1 сентябр бетағйир монда буд ва 4,4530-4,4580 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро бошад, андаке паст фаромада, мувофиқан ба 1,4430-1,4470 ва 5,6100-5,6500 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 2 сентябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе каме афзуда, дар атрофи 4,4580-4,4630 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ