31.08.2010
Изҳороти Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди ба муомилот ворид намудани 3,200 ва 500 сомонӣ
Тавре ба ҳамагон маълум аст, 10 сол муқаддам ба муомилот пули нави миллӣ - сомонӣ ворид гардида буд. Дар ин давра иқтисодиёт рушд кардаю сатҳи некӯаҳволии мардум боло рафт. Аз ҷумла, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 11 маротиба, даромади буҷети давлатӣ 22 маротиба, музди миёнаи меҳнат 17 маротиба, гардиши мол дар дохили кишвар 10 маротиба ва гардиши савдои хориҷӣ 6 маротиба зиёд шуд. Ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ ва зиёд шудани ҳаҷми савдои хориҷӣ, ҳамчунин боло рафтани нархи маҳсулоти воридотӣ боиси он гардид, ки дар ин давра нархҳои маҳсулоти истеъмолӣ 4 маротиба баланд шуданд. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, гардиши мол ва нишондиҳандаҳои дигари иқтисодӣ сабабгори 22 маротиба зиёд шудани ҳаҷми пул ва тағйир ёфтани сохтори он гардид. Масалан, агар дар ибтидои соли 2001 дар муомилоти пулии кишвар дирамҳо, 1 ва 5 сомониҳо 42 фоизро ташкил медоданд, ҳоло ҳиссаи онҳо ҳамагӣ ба 9 фоиз баробар шуда, ҳаҷмашон 5 маротиба афзудаанд. Ҳиссаи 50 ва 100 сомониҳо бошад, аз 9 то 52 фоиз расида, ҳаҷми маблағи онҳо 127 маротиба зиёд шудааст. Тавре аз рақамҳои боло бармеояд, талаботи бозор ба пулҳои арзишашон баланд зиёд шудааст ва бо сохтори мавҷудаи пулӣ конеъ гардонидани ин талабот рӯз то рӯз мушкил гашта истодааст. Бинобар ин, зарурати дар баробари истифодаи пулҳои мавҷуда ба муомилот баровардани сомониҳои арзишашон баланд ба миён омадааст. Гузашта аз ин, дар ҳоли ҳозир ҳал накардани ин масъала, қабл аз ҳама боиси ба таври зиёд истифода шудани пулҳои миллии арзишашон баланд ва асъори хориҷӣ мегардад, ки ин бешубҳа ба иқтисодиёти кишвар зарар ворид хоҳад кард. Ҳамчунин дар муомилот нигоҳ доштани миқдори зиёди пулҳои камарзиш ба зиёд шудани хароҷоти давлат барои чоп, ҳамлу нақл ва коркарди онҳо оварда мерасонад. Бо мақсади ташкили самараноки муомилоти молию пулӣ ва кам кардани хороҷоти чоп, ҳамлу нақл ва коркарди он, инчунин пешгирии истифодаи васеи асъори хориҷӣ дар муомилоти пулии кишвар Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомониро аз чоп бароварда, барои ба муомилот ворид сохтан омода кардааст. Қобили зикр аст, ки сомониҳои номбурда дорои унсурҳои ҳозиразамони ҳимоявӣ мебошанд. Чун анъанаи неки низоми пулӣ дар рӯи 3 сомонӣ акси қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ва сурати офтоб бо китобу қалам чун рамзи рушд ва майли мардум ба омӯзиши илм, меҳнати созанда ҷойгир шудаанд. Дар паси он сурати бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва наққошиҳо аз иншоотҳои фарҳангии мамлакат ҷой дода шудаанд. Дар рӯи 200 сомонӣ сурати қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва расми бинои аввалини Кумитаи марказии иҷроияи Шӯрои Комиссарони халқии Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва дар паси он акси “Китобхонаи миллӣ” ва дар болои он расмҳои сиёҳчароғ (асри 19), рангдону қалам чун рамзи кӯшишу талош барои ба даст овардани донишу маърифат ҷойгир шудаанд. Ва ниҳоят, 500 сомониро акси сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар қабати он сурати арфанавоз, ки аз мавзеи қадима ёфт шудаасту рамзи покӣ, зебоӣ, фарҳанги куҳан ва сарчашмаи илҳом мебошад, оро медиҳад. Дар паси он акси иншооти меъмории муосир – “Қасри миллат”, рамзҳои Президенти кишвар ва кабутарон ҳамчун шаҳодати пойдории сулҳу салоҳ дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон ҷой дода шудаанд. Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз имрӯз бо воситаи телевизион, радио ва воситаҳои дигари ахбори омма зарурати ба таври иловагӣ ба муомилот ворид намудани сомониҳои арзишашон баланд, унсурҳои ҳимоявии онҳо, тартиби шинохт ва хосиятҳои дигари пулҳои номбурдаро фаҳмонад. Вобаста ба ин 10 сентябри соли равон сомониҳои нав ба муомилот бароварда мешаванд. Итминони комил дорем, ки ба муомилоти пулӣ ворид шудани 3,200 ва 500 сомониҳо кори мардумро дар хариду фурӯши молу амвол ва доду гирифти дигар ашёи зарури зиндагӣ осон намуда, хароҷоти давлатро камтар месозад. Маркази матбуоти БМТ ш. Душанбе, 31 августи с. 2010