Қурби доллари нақди ИМА дар бозори дохилӣ тамоили пастшавиро нигоҳ дошт

Бойгонии ахбор
02.08.2010

Қурби доллари нақди ИМА дар бозори дохилӣ тамоили пастшавиро нигоҳ дошт

Қурби миёнаи долл. ИМА 30 июл ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тамоюли пастшавиро давом дода, то сатҳи 4,4480–4,4540 сомонӣ коҳиш ёфт. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме афзуданд ва мувофиқан 10 рубли русӣ ба 1,4680-1,4720 сомонӣ ва 1 евро ба 5,7000-5,7500 сомонӣ баробар шуданд.  Имрӯз, 2 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе боз каме паст фаромада, ба ҳисоби миёна дар атрофи 4,4470-4,4530 сомонӣ қарор гирифт.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку