29.06.2010
Қурби доллари нақдии ИМА дар бозори дохилии асъор каме поён рафт
Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдии ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳат бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4540-4,4630 сомониро ташкил дод. Имрӯз, яъне 29 июн бошад, қурби миёнаи долл. ИМА каме поён рафта, дар бозори нақдии ш. Душанбе ба 4,4520-4,4610 сомонӣ баробар шуд. Ҳамзамон, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби 10 рубли русӣ 1,4290-1,4380 сомонӣ ва 1 евро 5,4100-5,4600 сомониро ташкил намуданд. Маркази матбуоти БМТ