10.06.2010
Қурби нақдинаи доллари ИМА дар бозори дохилӣ тағйир ёфт
Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ 8-9 июн каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,4420-4,4570 сомониро ташкил дод. Имрӯз, 10 июн ин қурб дар ш. Душанбе ба 4,4720-4,4810 сомонӣ баробар шуд. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби 10 рубли русӣ 1,3930-1,3990 сомонӣ ва 1 евро 5,2900-5,3300 сомониро ташкил намуданд. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон