07.06.2010
Тағйирёбии қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ
Қурби миёнаи долл. ИМА 4 июн ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,4240-4,4410 сомонӣ барои 1 долл. ИМА-ро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме паст фаромада, мувофиқан ба 1,4090-1,4160 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 5,3100-5,3600 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 7 июн қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе каме тағйир ёфта, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4470-4,4560 сомонӣ қарор ёфт. Маркази матбуоти БМТ