11.05.2010
Тағйирёбии қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ
Дар бозори нақди ҷумҳурӣ 7 май ва рӯзҳои истироҳат қурби миёнаи долл. ИМА бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,3940-4,4050 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро бошанд, нисбатан паст фаромада, мувофиқан ба 1,4410-1,4540 сомонӣ ва 5,6340-5,7020 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 11 май дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе қурби миёнаи долл. ИМА каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4080-4,4170 сомонӣ қарор ёфт. Маркази матбуоти БМТ