20.05.2010
Тағйирёбии қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ
Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақди ҷумҳурӣ 18-19 май бетағйир боқӣ монд ва ба ҳисоби миёна 4,3970-4,4120 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро нисбатан паст фаромада, мувофиқан ба 1,4330-1,4470 сомонӣ ва 5,3820-5,4120 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, яъне 20 майи соли 2010 қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4140-4,4240 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ