12.03.2010
Сармояи низоми бонкӣ зиёд шуд
Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ (бонкҳо, ҷамъиятҳои қарздиҳӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд) дар охири моҳи январи соли 2010 ба 1,24 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта (0,97 млрд. сомонӣ) маблағи 0,27 млрд. сомонӣ ё 28,0% зиёд мебошад. Аз ҷумла, сармояи бонкҳо ва ҷамъиятҳои қарздиҳӣ маблағи 1,08 млрд. сомонӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ – 0,005 млрд. сомонӣ ва сармояи ташкилотҳои маблағгузории хурд – 0,16 млрд. сомониро ташкил доданд. Маркази матбуоти БМТ