04.03.2010
Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА каме боло рафт
Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА 2-3 март дар маҷмӯъ каме паст шуд ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоби миёна 4,3750-4,3850 сомониро ташкил дод. Дар баробари ин, қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро каме боло рафтанд ва ба 1,4550-1,4650 сомонӣ ва 5,9000-5,9500 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 4 март қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе каме баланд шуда, 4,3760-4,3890 сомониро ташкил дод. Маркази матбуоти БМТ