Қурби миёнаи доллари ИМА дар бозори нақд бетағйир боқӣ монд

Бойгонии ахбор
21.01.2010

Қурби миёнаи доллари ИМА дар бозори нақд бетағйир боқӣ монд

Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА 19-20 январ бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 4,37-4,38 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, ба 1,42-1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,20-6,26 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.  Ҳаҷми қарордодҳо дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ дар ин рӯзҳо каме паст гардид ва қурби миёнаи 1 долл. ИМА 4,3716 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,4510 сомонӣ ва 1 евро 6,2857 сомониро ташкил доданд.  Имрӯз, 21 январ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ба ҳисоби миёна дар атрофи 4,3770-4,3860 сомонӣ қарор гирифт.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку