Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад

Бойгонии ахбор
18.01.2010

Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи долл. ИМА 15 январ ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монд ва ба ҳисоби миёна дар сатҳи 4,3726-4,3864 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор дошт. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошанд, каме тағйир ёфта, 10 рубли русӣ 1,4202-1,4336 сомонӣ ва 1 евро 6,2170-6,2750 сомониро ташкил доданд.  Дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор низ қурбҳои миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ каме тағйир ёфтанд ва дар натиҷа 1 долл. ИМА 4,3720 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,4518 сомонӣ ва 1 евро 6,2932 сомониро ташкил намуданд.  Субҳи 18 январ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ба 4,3750-4,3900 сомонӣ баробар гашт.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку