Вазъият дар бозори дохилӣ мӯътадил мебошад

Бойгонии ахбор
04.01.2010

Вазъият дар бозори дохилӣ мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи доллари ИМА нисбат ба сомонӣ 31 декабри соли 2009 ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,37-4,39 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мувофиқан ба 1,41-1,42 сомонӣ ва 6,21-6,27 сомонӣ баробар шуданд.  Дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор қурби миёнаи асъорҳои хориҷӣ каме тағйир ёфтанд ва қурби 1 долл. ИМА 4,3716 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,4352 сомонӣ ва 1 евро 6,3106 сомониро ташкил намуданд.  Имрӯз, 4 январи соли 2010 қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе тағйир наёфт ва дар ҳудуди 4,3770-4,3970 сомонӣ барои 1 долл. ИМА боқӣ монд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку