23.12.2009
Барориши Векселҳои Давлатии Хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 декабри соли 2009 соати 10:00 дар Бонки миллии Тоҷикистон музоядаи фурӯши Векселҳои давлатии хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳаҷми барориши векселҳо маблағи 10 млн. сомонӣ ва мӯҳлати гардиши он 91 рӯзро ташкил дод. Фоизи даромаднокии векселҳо бошад, ба 7%-и солона баробар шуд. Векселҳои давлатии хазинадорӣ коғазҳои қиматноки давлатии кӯтоҳмӯҳлати таҳсифии (дисконтии) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва дар шакли ғайриҳуҷҷатӣ бо арзиши номиналии як вексел баробар ба 100 (сад) сомонӣ ва бо мӯҳлати гардишашон аз 28 то 364 рӯз бароварда мешавад. Резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибони векселҳо буда метавонанд. Дархостҳо ба музояда танҳо аз ҷониби иштирокчиёни ваколатдор (Дилерҳо) пешниҳод карда мешаванд. Ба музояда оид ба ҷойгиркунии векселҳо дархостҳои шахсони дигар (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) бояд ба воситаи Дилерҳо пешниҳод карда шаванд. Маркази матбуоти БМТ