21.12.2009
Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор бетағйир монд
Қурби миёнаи асъорҳои хориҷӣ 18 декабр ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,40-4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА-ро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, 10 рубли русӣ ба 1,41-1,43 сомонӣ ва 1 евро ба 6,29-6,35 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 21 декабр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе чун рӯзҳои пешин тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна дар атрофи 4,41-4,43 сомонӣ боқӣ монд. Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, 17-18 декабр қурби миёнаи қарордодҳои долл. ИМА 4,3804 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод. Қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро дар ин рӯзҳо каме баланд шуда, 10 рубли русӣ ба 1,4369 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2827 сомонӣ баробар шуданд. Маркази матбуоти БМТ