21.12.2009
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар сохтмони НБО-и Роғун саҳм мегузоранд
Сохта ва ба истифода додани яке аз иншооти бузурги асри ХХI – НБО-и Роғун аз масъалаҳои муҳим ва воқеан таъхирнопазир дар ҷодаи ба даст овардани истиқлолияти воқеии мамлакат ба шумор меравад. Ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз, рушди иқтисодиёти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба ҳарчи зудтар ба кор даромадани агрегатҳои ин нерӯгоҳ вобаста аст. Чунин буд мазмуни маҷлиси васеи кормандани Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба мавзӯи дастгирии сохтмони НБО-и Роғун бахшида шуда буд. Дар рафти ҷаласа кормандони бонк пешниҳоди Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди бо қувваи худӣ ба анҷом расонидани сохтмони НБО-и Роғун якдилона дастгирӣ намуданд. Пешниҳод гардид, ки бо мақсади дастгирӣ ва тезонидани суръати сохтмони нерӯгоҳи номбурда маоши якмоҳаи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ба сандуқи хайрияи сохтмони НБО-и Роғун гузаронида шавад. Қобили қайд аст, ки иқдоми номбурда аз ҷониби ҳозирин ҳамаҷониба ва бо ҳамовозии якдилона қабул карда шуд. Илова бар ин, бо дарки масъулияти том ва ҳисси баланди шаҳрвандӣ, намояндагони аҳли маҷлис иброз доштанд, ки аз тариқи харидории муташаккилонаи саҳмияҳои нерӯгоҳ дар суръат бахшидани сохтмони НБО-и Роғун саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт. Маркази матбуоти БМТ