Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад

Бойгонии ахбор
17.12.2009

Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи долл. ИМА 15-16 декабр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тамоюли каме пастшавиро дошта, ба ҳисоби миёна ба 4,3992-4,4136 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва Евро бошад, дар бозори нақдинаи ш.Душанбе каме тағйир ёфта, 1,4230-1,4430 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,4550-6,4950 сомонӣ барои 1 Евроро ташкил намуданд.  Дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор қурби миёнаи асъорҳои хориҷӣ низ каме тағйир ёфтанд ва қурби 1 долл. ИМА ба 4,3941 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4520 сомонӣ ва 1 евро ба 6,4235 сомонӣ баробар шуданд.  Имрӯз, 17 декабр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе тағйир наёфта, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,41-4,42 сомонӣ боқӣ монд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку