11.12.2009
Қурби нақдинаи доллари ИМА дар бозори дохилӣ бетағийр монд
То бегоҳии рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ қурби миёнаи амалиётҳо бо долл. ИМА дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ то ба 4,4211-4,4411 сомонӣ барои 1 доллари ИМА баланд шуд. Қурбҳои рубли русӣ ва евро бошад, паст фаромада, ба 1,4210-1,4347 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,3610-6,4070 сомонӣ барои 1 Евро баробар гардид. Имрӯз бошад, дар бозори байнибонкӣ қурби миёнаи долл. ИМА, евро ва рубли русӣ каме паст шуда, дар ҳудуди 4,3931 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, 1,4593 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,4506 сомонӣ барои 1 евро қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ