03.12.2009
Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ бетағйир боқӣ монд
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ 2 декабри соли ҷорӣ тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна 4,3488-4,3686 сомониро ташкил дод. Дар баробари ин, қурбҳои рубли русӣ ва евро каме афзуда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 10 рубли русӣ 1,4740-1,4870 сомонӣ ва 1 евро 6,4550-6,5000 сомониро ташкил намуданд. Дар бахши бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 2-3 декабр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА бетағйир боқӣ монда, дар ҳудуди 4,35-4,36 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор гирифт. Қурби миёнаи рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, 1 евро ба 6,48-6,49 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,48-1,49 сомонӣ баробар шуд. Маркази матбуоти БМТ