Хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилии асъор

Бойгонии ахбор
01.12.2009

Хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилии асъор

Аз 27 ноябр то 1 декабри соли ҷорӣ бинобар зиёд шудани пешниҳодҳо дар бозори байнибонкӣ қурбҳои миёнаи долл. ИМА ва рубли русӣ каме паст фаромад. Дар натиҷа, 1 долл. ИМА ба 4,3532 сомонӣ ва 10 рубли руси ба 1,4577 сомонӣ баробар шуданд. Қурби миёнаи евро бошад, каме баланд шуда, 1 евро 6,4347 сомониро ташкил дод.  Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ин чанд рӯзи охир дар маҷмӯъ бе тағйир монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,3471 - 4,3678 сомонӣ барои 1 долл. ИМА боқӣ монд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, ба 1,4710-1,4810 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,4348-6,4776 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку