Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз!

Бойгонии ахбор
23.11.2009

Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз!

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад.  23 ноябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори ин иди фархунда, изҳори эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии ҷумҳурӣ - Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷашнӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, сардорони идораҳо ва мутахассисони бонк ширкат варзиданд. Тавре дар ҷаласа қайд гардид, Парҷам дар баробари Нишон ва суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаҳои соҳибихтиёрии давлат ба шумор меравад.  Оид ба таърихи пайдоиши Парчам, моҳият ва нақши таърихии он дар давлатдории тоҷикон ва давлатҳои дигари дунё дар назди ҳозирин мудири шӯъбаи тарҷумаи Бонки миллии Тоҷикистон, доктори илми филология Мирзо Ҳасани Султон бо маърӯзаи пурмазмун ва мукаммал суханронӣ намуд.  Ҷовидон парафшон бод, Парчам - рамзи давлату миллат Мӯҳтарам Раис, Ҳамкорони арҷманд,  3 ноябри соли ҷорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки ахиран ба тасвиб расид ва мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, ки минбаъд ҳар сол дар кишвари мо ин сана ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.  Бегумон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд.  Воқеан парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу сабот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора, ки ба қавли Фирдавсӣ “ниёкони мо тоҷдорони даҳр, ки аз додашон офарин буд баҳр” буда, барҳақ нахустин хусравони соҳибтоҷи олам буданд, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сўи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.  Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад.  Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт. Ин калима ба ин маънӣ дар адабиёти гузаштаи мо корбурди фаровон дорад. Аз ҷумла, мегӯянд, ки чун овозаи ҳамлаи лашкари муғул ба Хоразм расид, хоразмиён ба пеши орифи маъруф Шайх Наҷмиддини Кубро, ки дар он айём муқими Хоразм буд, омаданд ва гуфтанд, ки Шайх дуо кун ва ин балоро аз сари мо рафъ соз. Шайх гуфт, ки ин балои бузург аст ва рафъи он ба дуо наметавон кард. Пас гуфтанд, сари худ гиру бо муридон аз Хоразм берун шав, ки кофарони муғул чун ба Хоразм пирӯз шаванд турову муридони туро амон нахоҳанд дод. Шайх Наҷмиддини Кубро гуфт, ки ман дар рӯзи шодию нишот ҳамроҳи мардум будам, дареғам ояд, ки дар рӯзи сахти мардум аз Хоразм берун равам. Гуфтаанд, ки чун лашкари муғул ба Хоразм ҳамла кард Шайх аз нахустин касоне буд, ки домани худро аз санг пур кард ва ба ҷанги муғул бархост. Чун сангҳои доманаш ба охир расид аз дасти парчамбардори муғул парчами муғулро кашида гирифт. Лашкари анбӯҳи муғул ба сари Шайх рехта, ӯро куштанд ва ҳафт сарбози муғул ба душворӣ панҷаи шайхи шаҳидро боз карда, парчами худро берун оварданд. Аз он, ки Мавлоно мегӯяд: Дар дасти дигар парчами кофар дорем, ишора ба ҳамин парчами муғул аст.  Ниёкони мо ҳамчунин ба маънии “парчам” бештар аз калимаи дирафш ё дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд.  Дирафши ковиёнӣ - парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз Пешдодиён то Сосониён буд.  Бархе муаррихон нахустин парчами миллии мо, яъне дирафши ковиёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармии оҳангарии худро ба найзае овехта, онро парчами муборизаи дод бар бедод қарор дод. Ба қавли ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” Фаридуни Отибин пас аз шикасти Заҳҳок парчами чармии Коваро бо зару гавҳар орост ва онро диравши ковиёнӣ ном ниҳод. Ба пиндори бархе забоншиносон Ковиёнӣ ба номи Коваи оҳангар мансуб набуда, балки ба калимаи ковӣ, яъне шоҳ алоқамандӣ дорад. Дар ин сурат дирафши ковиёнӣ байрақи шоҳӣ маҳсуб мешавад. Дирафши ковиёнӣ то давраи охирин ҳукмрони сосониён Яздигурди 3 вуҷуд дошт ва пас аз ҷанги эрониён бо арабҳо дар Қодисия ба дасти сипаҳдори лашкари араб Саъди Ваққос ғанимат афтод ва Саъди Ваққос ин ғаниматро ба халифа Умар ибни Хаттоб ҳадя фиристод. Халифа Умар ин ҳадяро напазируфт ва ба гуфтаи сарчашмаҳо бо амри ӯ ин парчамро пора карданд ва зару гавҳари онро миёни сарбозон тақсим намуданд.  Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд, вале ҳанўз дар хусуси парчамҳои аҳди Сомонӣ ва давлатдориҳои минбаъда маълумоти дақиқ ба даст наомадааст. Ҳатто соли қабули парчами Аморати Бухоро равшан нест. Парчами аморати Бухоро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти зарин иборат буд ва дар канори чапи он рӯи хати сабз “Султон сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст”ҳаккокӣ шуда буд. Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро қабул шуд, ки ҳамранги ҳамон парчами амирӣ буд. Танҳо ба ҷойи навиштаҷоти “Султон сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст” чор ҳарф “Б.Н.С.Р.” дар рӯи он нақш гардид, ки мухаффафи “Бухарская Народная Советская Республика” аст. Пас аз се сол ранги парчам сурх шуд. Дар солҳои 1924-1929 парчами Тоҷикистон саросар сурх буд. Фақат дар канори чапи он акси доси тоҷикиву болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хати форсӣ - “Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!” ҷой гирифт.  Соли 1953 Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон боз тағйир ёфт. Ин дафъа сохтораш нисбатан соддатар буд: аз боло ва поён ранги сурх ва дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз дошт. Дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро ҳифз карданд. Ин парчам то соли 1992 арзи ҳастӣ кард.  Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 уми моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст.  Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои ранга аст; - Рӯи рахи сафед дар мобайни пачам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст; - Ранги сурхи парчам рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият; - Ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқи кишвар;  Ранги сабзи парчам рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишвар сарсабзу хуррам мегардад, маънӣ мешавад.  Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.  Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамкорони мӯҳтарам ва тамоми тоҷикистониёнро дар остонаи ин ҷашни фархунда – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона муборакбод мегӯям. Орзумандам, ба бахти мо, давлати ин миллати наҷиб, ки тӯли садсолаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро таҳаммул намуда, акнун насими озодиву истиқлол бар машоми ҷонаш вазидан дорад, бардавом монад. Умедворам, ки суруди миллии ин миллат ба таври ҳамеша танинандоз ва парчами давлатии ин давлат ҷовидон парафшон бошад. Ташаккур.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку