19.11.2009
Хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилии асъор
Рӯзҳои 17-19 ноябри соли ҷорӣ батадриҷ афзудани шумораи қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ ба мушоҳида расид. Бинобар ин, қурбҳои миёнаи амалиёти анҷомдода бо доллари ИМА ва Евро каме баланд шуданд ва 1 долл. ИМА 4,3503 сомонӣ ва 1 Евро 6,4905 сомониро ташкил доданд. Қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ бошад, чун рӯзҳои гузашта бетағйир монда, 10 рубли русӣ ба 1,4988 сомонӣ баробар шуд. Арзиши миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдии ш. Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо дар маҷмӯъ бе тағйир монда, ба ҳисоби миёна дар атрофи 4,3560 - 4,3740 сомонӣ барои 1 долл. ИМА боқӣ монд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, 10 рубли русӣ ба 1,4750-1,4930 сомонӣ ва 1 Евро ба 6,4450-6,4950 сомонӣ баробар шуданд. Маркази матбуоти БМТ