Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад

Бойгонии ахбор
02.11.2009

Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ 30 октябр ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монд ва ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,33-4,35 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,45-1,47 сомонӣ ва 1 евро ба 6,36-6,42 сомонӣ баробар буданд.  Дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор бошад, қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ 30 октябр каме паст шуда, 1 долл. ИМА 4,3314 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,4993 сомонӣ ва 1 евро 6,3627 сомониро ташкил намуданд.  Субҳи 2 ноябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе тағйир наёфта, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,34-4,35 сомонӣ боқӣ монд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку