Эълон дар бораи гузаронидани озмун

Бойгонии ахбор
26.10.2009

Эълон дар бораи гузаронидани озмун

Бонки миллии Тоҷикистон барои интихоби ширкати аудиторӣ ва гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии бонк дар давраи май-декабри соли 2009 (ба ҳолати 31 декабри соли 2009) озмун эълон мекунад.  Барои иштирок дар озмун ширкатҳои аудиторӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд:  а)дархости иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбари ширкат ва мӯҳри он тасдиқ шудааст;  б)маълумотнома дар бораи вазъи молиявию иқтисодии ширкати аудиторӣ, ки маълумот дар хусуси ҳаҷми кору хизматрасониҳои дар соли молиявии охирин иҷрошударо дарбар мегирад;  в) маҷмӯи ҳуҷҷатҳо бо рӯйхати замимашаванда:  -нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии ширкати аудиторӣ бо назардошти тағйироту иловаҳо;  -тавозуни муҳосиботӣ ва ҳисобот дар бораи фоидаву зиёни ширкати аудиторӣ дар санаи ҳисоботии охирин;  -лоиҳаи шартнома бо зикри арзиши подош (ҳаққи хизмат), нақша ва мӯҳлати гузаронидани тафтиши аудиторӣ.  Нархи гузаронидани тафтиши аудиторӣ бояд нархи ниҳоӣ буда, андозҳо ва хароҷоти дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дарбар гирад.  Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 10 декабри соли 2009 муқаррар шудааст.  Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро лутфан ба шахси масъули зерин ирсол намоянд:  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А,  Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон – Ҷ. Юсупов  тел.: +(992 44) 600 32 02, факс: +(992 44) 600 31 48,  е-mail: J_Yusupov@nbt.tj  ш. Душанбе, 26 октябри с.2009

Возврат к списку