Қурби доллари ИМА дар бозори нақд мунтазам коҳиш ёфт

Бойгонии ахбор
26.10.2009

Қурби доллари ИМА дар бозори нақд мунтазам коҳиш ёфт

Қурби миёнаи нақдии долл. ИМА 23 октябр ва рӯзҳои истироҳат мунтазам поин рафт. Аз ҷумла, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ 1 долл. ИМА ба 4,3500-4,3800 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро бошанд, тағйир наёфтанд ва 10 рубли русӣ 1,4740-1,4930 сомонӣ ва 1 евро 6,4900-6,5500 сомониро ташкил доданд. Дар маҷмӯъ, айни замон аз асъорҳои дигар дида, талабот бештар ба сомонӣ ба назар мерасад.  Ҳаҷми қарордодҳо бо асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 23 октябр тамоюли пастшавӣ дошт. Умуман, аз рӯи амалиёт дар ин бозор қурби миёнаи долл. ИМА каме паст шуда, 1 долл. ИМА 4,3770 сомониро ташкил дода буд. Вале қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро бошад, каме афзуда, ба 1,5012 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,5732 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.  Субҳи рӯзи 26 октябр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе тамоюли пастшавиро идома дод ва ба ҳисоби миёна дар атрофи 4,3520-4,3700 сомонӣ қарор гирифт.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку