Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ паст фаромад

Бойгонии ахбор
15.10.2009

Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ паст фаромад

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ 13-14 октябри соли ҷорӣ мунтазам паст фаромад ва ба ҳисоби миёна 4,4008-4,4170 сомониро ташкил дод. Қурбҳои рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 1,4640-1,4780 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,4500-6,5000 сомонӣ барои 1 евроро ташкил намуданд.  Дар бахши бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ дар ин рӯзҳо қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА мӯътадил паст фаромада 4,3805 - 4,4075 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурби миёнаи рубли русӣ ва евро тамоили баландшавиро ба худ касб намуд ва 1 евро 6,4951 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,4804 сомониро ташкил дод.  Субҳи рӯзи 15 октябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна ба 4,4050 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, 10 рубли русӣ 1,4820 сомонӣ ва 1 евро 6,4950 сомониро ташкил доданд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку