Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад

Бойгонии ахбор
08.10.2009

Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА 6 - 7 октябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,4050-4,4220 сомонӣ баробар буд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баландтар шуда, мувофиқан 1,4580-1,4680 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,4500-6,5000 сомонӣ барои 1 евроро ташкил намуданд.  Дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор қурбҳои миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ каме тағйир ёфта, қурби 1 долл. ИМА 4,4125 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,4635 сомонӣ ва 1 евро 6,4324 сомониро ташкил намуданд.  Субҳи 8 октябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,41-4,43 сомонӣ боқӣ монд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку