17.09.2009
Вазъият дар бозори дохилии асъор мӯътадил мебошад
Дар бахши бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ дар давоми рӯзҳои кории 15-16 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА мӯътадил боқӣ монда, арзиши 1 долл. ИМА 4,3945 - 4,4298 сомониро ташкил дод. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме баланд шуда, 1 евро ба 6,3896 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,4389 сомонӣ баробар шуданд. Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна 4,4390-4,4520 сомониро ташкил дод. Субҳи рӯзи 17 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе каме паст фаромада ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,4470 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан 10 рубли русӣ 1,4350 сомонӣ ва 1 евро 6,42 сомониро ташкил намуданд. Айни замон, вазъи бозори дохилии асъори ҷумҳурӣ аз мӯътадил шудани амалиётҳо ва афзудани пешниҳоди асъори хориҷӣ шаҳодат медиҳад. Маркази матбуоти БМТ