Дар рӯзҳои истироҳат низ қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор тағйир наёфт

Бойгонии ахбор
07.09.2009

Дар рӯзҳои истироҳат низ қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор тағйир наёфт

Дар рӯзҳои истироҳат чун чанд рӯзи гузашта қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тағйир наёфта, ба ҳисоби миёна 4,43 - 4,45 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар буд.  Субҳи рӯзи 7 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори вилояти Суғд ва ш. Душанбе каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,44-4,46 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод. Пас аз нисфирӯзӣ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА боз паст шуда, дар сатҳи 4,4360-4,4570 сомонӣ қарор гирифт. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти хариду фурӯши рубли русӣ ва евро тағйир наёфт ва мувофиқан 1,38-1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,27-6,31 сомониро барои 1 евро ташкил намуд.  Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор пешниҳоди асъори хориҷӣ афзуд, ки дар натиҷа қурби миёнаи 1 долл. ИМА ба 4,4151 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4095 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2870 сомонӣ баробар шуд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку