02.09.2009
Дар бозори нақдина қурби доллари ИМА устувор боқӣ монд
Дар бозори нақдинаи ш. Душанбе 2 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА нисбат ба рӯзи гузашта устувор боқӣ монд ва ба ҳисоби миёна 4,4380 - 4,4530 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст шуданд, мувофиқан 10 рубли русӣ ба 1,3750-1,3890 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2820-6,3170 сомонӣ барои баробар шудаанд. Дар навбати худ, шумораи амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ нисбатан афзуда, ба ҳисоби миёна қурби 1 долл. ИМА 4,4189 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,3842 сомонӣ ва 1 евро 6,2456 сомониро ташкил доданд. Маркази матбуоти БМТ