01.09.2009
Дар бозори нақдина қурби асъорҳои хориҷӣ каме тағйир ёфт
Дар давоми рӯзи 1 сентябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти долл. ИМА ва рубли русӣ каме тағйир ёфта, мувофиқан 4,4350-4,4550 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 1,3850-1,3950 сомонӣ барои 10 рубли русӣ муқаррар шуданд, қурби миёнаи хариду фурӯши евро бошад, каме афзуда, ба ҳисоби миёна 1 евро ба 6,2920-6,3130 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор мӯътадил боқӣ монда, қурби миёнаи 1 долл. ИМА 4,4137 сомонӣ, 1 евро 6,3009 сомонӣ ва 10 рубли русӣ 1,3823 сомониро ташкил доданд. Маркази матбуоти БМТ