31.08.2009
Тайи рӯзҳои истироҳат қурби доллари ИМА бетағйир монд
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ нисбатан мӯътадил буда, ба ҳисоби миёна 4,43-4,45 сомониро ташкил дод. Танҳо 31 август қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе каме баланд шуд ва ба ҳисоби миёна ба 4,44-4,46 сомонӣ баробар шуд. Аксари амалиётҳои хариду фурӯши долл. ИМА дар бахши бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ дар ҳудуди аз 4,39 то 4,43 сомонӣ барои 1 долл. ИМА сурат гирифтанд, бинобар ин қурби расмии долл. ИМА аз 4,3902 то 4,3900 сомонӣ паст шуд. Маркази матбуоти БМТ