Дар бозори асъор каме тағйирот ба амал омад

Бойгонии ахбор
25.08.2009

Дар бозори асъор каме тағйирот ба амал омад

25 августи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда, то андозаи 4,39 – 4,43 сомонӣ паст фаромад. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мувофиқан 10 рубли русӣ ба 1,40 сомонӣ барои ва 1 евро ба 6,30 сомонӣ баробар шуд.  Дар бозори нақдинаи ш. Душанбе бошад, дар давоми рӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА бетағйир монда, ба ҳисоби миёна 4,43 - 4,45 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме афзуданд ва мувофиқан 1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,30 сомонӣ барои 1 евроро ташкил намуданд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку