Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА бетағйир монд

Бойгонии ахбор
24.08.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА бетағйир монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна ба 4,43-4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар буд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баландтар шуда, мувофиқан 1,38-1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,26-6,31 сомонӣ барои 1 евро ташкил намуданд. Айни замон баробарии талабот ва пешниҳоди пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дида мешавад.  Дар давоми рӯзи 24 август қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,43-4,45 сомонӣ боқӣ монд.  Дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ каме тағйир ёфта, қурби 1 долл. ИМА 4,4113 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,4053 сомонӣ ва 1 евро 6,2876 сомониро ташкил намуд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку